Чаро Буффон пешниҳоди «Барселона»-ро рад кард?

Чаро Буффон пешниҳоди «Барселона»-ро рад кард?

Сомонаи Sport.es хабар додааст, ки собиқ дарвозабони “Ювентус” Ҷанлуиҷи Буффон пешниҳоди “Барселона”-ро рад кард.

Ёдовар мешавем, ки дарвозабони 43-солаи итолиёвӣ дар охири мавсими 2020/2021 “Ювентус”ро тарк кард ва дар мақоми агенти озод қарор дорад. Тибқи иттилои манбаъ, “Барселона” ба Буффон пешниҳод кардааст, ки дарвозабони дуввуми даста шавад, аммо бозигар ин пешниҳодро рад кард. Буффон намехоҳад қисми зиёди мавсимро дар курсии эҳтиётӣ гузаронад ва интизор аст, ки дастаи пайдо кунад, ки ба ӯ вақти бештари бозӣ фароҳам оварад.