ЧАРОҒИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 75 СОЛА ШУД!

ЧАРОҒИ ФУТБОЛИ ТОҶИК 75 СОЛА ШУД!

Имрӯз, 23-юми феврал яке аз машҳуртарин нобиғаҳои футболи тоҷик - Шариф Назарови дастон солҷашн дорад. Ин мардтарин марди майдон тӯли солҳои зиёд ба футболи тоҷик хизмат намуда, шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст.

Шариф Назаров - (23 феврали соли 1946), футболбоз, мураббии футбол, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (минбаъд ИШ), мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС). Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон. 2 карат мураббии беҳтарини сол Дар Тоҷикистон: 2002 ва 2004.

Зиндагинома

Шариф Назаров 23-юми феврали соли 1946 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) таваллуд шудааст. Ӯ дар овони хурдсолӣ аз волидайн маҳрум мемонад. Баъдан ӯ тӯли солҳои 1953-1964 дар мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав тарбия меёбад. Маҳз дар ҳамин ҷо Шариф Назаров ба варзиши рақами №1 майлу рағбат пайдо карда таҳти роҳбарии Петров Пётр Николаевич ба тамринҳои футбол мепардозад.

Собиқаи бозигарии ӯ

Баъд аз он, ки ба синни 18 даромад дар қатори ҳамсолони дигари худ мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринавро хатм намуд. Собиқаи бозигарии ӯ аз ибтидо бо дастаи «Помир» пайвастагӣ дорад, ки он замон «Энергетик» ном дошт. Ӯ дар хатти дифоъ бозӣ мекард. Баъд аз муддате қаҳрамони ҷавони мо ба дастаи «Пахтакор»-и Қурғонтеппа (ҳоло Бохтар) гузашт. Ин марҳилаи фаъолияти ӯ тӯли солҳои 1964-1969-ро дар бар мегирад. Дар соли 1969 ӯро ба ҳайати асосии дастаи «Энергетик»  гузаронданд. Шариф Назаров ҳамагӣ 2 сол дар ҳайати дастаи мазкур бозӣ кард. Асосан дар хатти муҳофиза ба майдон мебаромад. Ӯ дар умум дар 34 бозӣ вориди майдон шуда, ба дарвозаи ҳарифон ягон гол назадааст. Ба эътирофи худи ӯ миёни ҳамсолонаш аз нигоҳи ҳунар ва истеъдод чандон бартарӣ надошт. Бар замми ин осебҳои доимӣ ӯро азият медоданд. Ин ҳолат боис шуд то ӯ аз ҳайати  асосӣ берун гардад. Бо ҳамин қаҳрамони мо фаъолияти минбаъдаи футболбозии худро ҷамъбаст намуда ба кори мудирии дастаҳои футболӣ пардохт.  

Оғози фаъолияти мураббигӣ

Соли 1973 ӯ ба ҳайси мудир (администратор) фаъолияти кории худро дар дастаи «Помир»-и Душанбе оғоз мекунад. Солҳои 70-уми асри гузашта давраи рӯ ба рушд гузоштани футбол дар Тоҷикистон хоса пойтахти он-Душанбе буд. Ҳамон солҳо дастаи «Помир» таҳти роҳбарии Иштван Секич ба яке аз дастаҳои рақобатпазири минтақаи Осиёи Марказӣ табдил гашт. Саҳми қаҳрамонӣ мо дар ин муваффақиятҳои даста басо чашмрас буд. Ӯ баъд аз 4 соли мудирӣ ба вазифаи сардори дастаи «Помир» таъин шуд ва то соли 1981 дар ин симмат кор кард. Аммо меҳри худро аз футбол намеканд ва мехост ин дафъа бахти худро ба ҳайси мураббӣ санҷад. Ҳамзамон бо ин Шариф Назаров таҳсили худро давом медод. Соли 1976 донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кард. Акнун ӯ хоҳиш дошт то ба курсҳзои мураббитайёркунӣ дохил шуда боз дигарбора аз наздик ба футбол машғул шавад. Бо ин мақсад барои таҳсил дар курси тайёрии мураббиёни соҳаи варзиш ба шаҳри Москва сафар кард. Баъд аз он, ки дар соли 1983 курси тайёрии мураббиёни олии варзиширо хатм намуд дар дастаи «Помир» ба ҳайси ёвари сармураббӣ ба кор пардохт. Вазифаи сармураббии бошгоҳро бошад, ба дӯши ҳамсабақи ӯ Юрий Сёмин вогузор карданд.

Дастаи «Помир» бо вуҷуди талошҳои зиёд ва ҷалби беҳтарин футболбозони маҳаллӣ наметавонист аз лигаи 1-ум ба Лигаи олии ИҶШС барояд. Ва тӯли се соли фаъолияти Юрий Сёмин (1983-1985) даста вазифаҳои дар наздаш гузоштаро иҷро накард. Акнун роҳбарияти даста дар ҷустуҷӯи номзади дигар ба ҷойи Юрий Сёмин буданд. Ба ҷойи ӯ Шариф Назаров сармурабби нави «Помир» таъин шуд.