Чаро Коутиню ба «Барселона» баргаштан намехоҳад?

Чаро Коутиню ба «Барселона» баргаштан намехоҳад?

Ниммуҳофизатгари бразилии бошгоҳи «Барселона» Филиппе Коутиню, ки айни ҳол дар дастаи «Бавария» ба ҳайси иҷора ҳунарнамоӣ мекунад, намехоҳад, ки дигарбора ба «Барселона» баргардад.

«Ман худамро дар инҷо хеле хушбахт эҳсос мекунам. Мехоҳам, ки дар Мюнхен боқӣ монам ва тӯли солҳои дароз дар ин бошгоҳи бузург хизмат кунам. Агар ҳама ба таври хостаи ман шавад, дар «Бавария» боқӣ мемонам», — иқтибос меорад, маҷаллаи Marca аз суханҳои Коутиню.

Ёдовар мешавем, ки тобистони ҳамин сол Филиппе Коутиню ба таври ҷиора ба дастаи «Бавария» гузариш намуда буд. Эҳтимол аст, ки «Бавария» ин хавбеки бразилиро бо арзиши 120 млн евро харидорӣ намояд.