Чаро Олимпиада чор маротиба ба таъхир гузошта шуд?

Чаро Олимпиада чор маротиба ба таъхир гузошта шуд?

Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ҳамакнун ба соли 2021 гузаронида шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар медиҳад. Сабаби асосии ба таъхир гузоштани ин мусобиқаи муҳташами ҷаҳони, ки дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешавад, хуруҷи бошиддати коронавирус мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро сарсону саргардон намудааст.

Ҳамин тавр Бозиҳои Олимпӣ маротибаи чорум дар тӯли таърихашон ба таъхир гузошта шуд. Дар солҳои 1916, 1940 ва 1944 Бозиҳои Олимпӣ бар асари ҷанги якум ва дуюми ҷаҳонӣ ба вақти дигар гузаронида шуданд. Соли 2020 бошад, бар асари хуруҷи бемории COVID-19 Бозиҳои мазкур ба соли 2021 гузаронида шуданд.