Чаро Роналду ба Ракитич занг задааст?

Чаро Роналду ба Ракитич занг задааст?

Иван Ракитич, ки ҳоло дар дастаи “Севиля”бозӣ мекунад, гуфт, ки аз Криштиану Роналду даъвати шахсӣ барои пайвастан ба "Ювентус" гирифтааст.

"Дар тобистони соли 2019, Криштиану шахсан ба ман бо пешниҳоди гузаштан ба “Ювентус” занг зад. Вай ба ман гуфт, ки даста маро мехоҳад, аммо созиш ба амал наомадааст, зеро “Барселона” 50 миллион талаб карда буд, ки нн хеле гарон буд"— гуфт Иван дар мусоҳиба бо Bleacher Report.

Ёдовар мешавем, ки Ракитич тобистони соли 2020 “Барселона”-ро тарк карда ба “Севиля” гузариш кард.