Чехия қаҳрамони ҷаҳон оид ба хоккей дар соли 2024 шуд

Дастаи Чехия дар бозии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба хоккей бар дастаи Швейтсария бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Бозии дастаҳо дар Прага барпо гардид.
Голҳоро ҳамлагар Дэвид Пастрнак (дақиқаи 50-ум), ки дар ҷараёни мусобиқот ба даста ҳамроҳ шуда буд ва Дэвид Камф (дақиқаи 60-ум) ба самар расониданд.
Дастаи Чехия аввалин бор аз соли 2010 барандаи Ҷоми ҷаҳон шуд. Чехҳо дар таърих 13-умин қаҳрамони ҷаҳонро гирифтанд (6 маротиба дар ҳайати Чехословакия ва 7 маротиба баъд аз соли 1992). Бори охир тими Чехия соли 2010 пирӯз шуда буд.
Дастаи Швейтсария бори чаҳорум дар бозии ниҳоӣ мағлуб шуд. Швейтсарияҳо ҳеҷ гоҳ қаҳрамони ҷаҳон нашудаанд. Чемпионати ҷаҳонии соли 2025 дар Шветсия ва Дания баргузор мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Русия ва Беларус бо қарори Федератсияи байналмилалии хоккей (IIHF) ба далели вазъ дар Украина аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шудаанд.