“Челси” ба Бензема мароқ зоҳир кардааст

Ҳамлагари дастаи “Ал-Иттиҳод” - Карим Бензема тасмим гирифтааст, ки бошгоҳи шаҳри Ҷиддаро тарк кунад, хабар медиҳад ESPN. Ба иттилои манбаъ, варианти афзалиятноки фаронсавии 36-сола гузаштан ба дастаҳои Премйер-Лигаи Англия аст.
Ба бозигар ҳоло дастаи “Челси” мароқ зоҳир кардааст. Дар баробари ин, Бензема имкони бозгашт ба “Реал Мадрид”-ро, ки аз соли 2009 то соли 2023 дар он бозӣ кардааст, баррасӣ мекунад.
Ҳамлагар тобистони соли гузашта, ба «Ал-Иттиҳод» гузашт. Ӯ дар ҳайати тими Арабистони Саудӣ 20 бозӣ карда, 12 гол ва 5 партофти головар кардааст. Шартномаи Бензема то соли 2026 амал мекунад.