«Челси» ба зинаи аввал баромад

«Челси» ба зинаи аввал баромад

Бошгоҳи “Челси” дар рақобатҳои даври 9-уми Премйер-лигаи Англия ба меҳмонии тими “Нюкасл” сафар кард. Дар ин нерусанҷӣ “ашрофзодаҳо” аз худ малакаи баланд нишон дода, дастаи рақибро бо натиҷаи 2:0 дучори шикаст намуданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 10-уми дидор - Федерико Фернандес иштибоҳан тӯбро ба дарвозаи хеш равон кард. Дар дақиқаи 65-ум бошад, ҳамлавари “Челси” - Тэмми Абраҳам голи дуюми дастаашро ба нишон расонида, пирӯзии “Челси”-ро дар ин вохӯрӣ таъмин сохт. Баъди ин муваффақият “Челси” бо дарёфти 18 хол садрнишини ҷадвал мебошад.

Чемпионати Англия. Премйер-лига. Даври 9-ум

«Нюкасл» — «Челси» — 0:2 (0:1)

Голҳо: Фернандес, 10 — (худгол) (0:1). Абраҳам, 65 (0:2).

«Нюкасл»: Дарлоу, Кларк, Фернандес, Манкило (Алмирон, 65), Ласкеллес (Шер, 46), Лйюис, Хэйден, Лонгстафф, Сен-Максимен (Кэрролл, 74), Мерфи, Жоэлинтон.

«Челси»: Менди, Зума, Рюдигер, Чилвелл (Эмерсон, 82), Ҷеймс, Ковачич, Канте, Маунт, Вернер (Хадсон-Одои, 76), Зиеш (Жиру, 87), Абраҳам.