Қасди бераҳмонаи "Челси" аз "Ювентус"

Қасди бераҳмонаи "Челси" аз "Ювентус"

Дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Челси” ва “Ювентус” баргузор шуд. Набарди бошгоҳҳо ҷолибнок сурат гирифта, бо натиҷаи калони 4:0 ба суди мизбонон хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳоро Трево Чалоба, Рис Ҷеймс, Каллум Хадсон-Одои ва Тимо Вернер ба самар расониданд. Баъди 5 дидор “Челси” бо касби 12 имтиёз пешсафи гурӯҳи “Н” мебошад. Новобаста аз натиҷаи ин бозӣ ҳарду дастаҳо ба даври плей-оффи мусобиқа роҳ ёфтанд.