«Челси» дар дербии Лондон ноком шуд

«Челси» дар дербии Лондон ноком шуд

Дар 32-юми Премйер-лигаи Англия «Челси» дар сафар бозӣ карда, бо ҳисоби 3-2 шикаст хӯрд. Шогирдони Лемпард дар нимаи аввал бо голи задаи Виллиан пешсаф шуданд, аммо Соучек ва Антонио ҳисобро 2-1 ба фоидаи Вест Хэм намуданд. Виллиан бо голи дуюми худ натиҷаро баробар намуд ва пирӯзии мизбононро бошад Андрей Ярмоленко таъмин кард.