“Челси” дарвозабони 27 солаашро ба иҷора медиҳад

“Челси” дарвозабони 27 солаашро ба иҷора медиҳад

Дарвозабони мунтахаби Испания ва дастаи “Челси”-и шаҳри Лондон   Кепа Аррисабалагаи 27-сола  ба дастаи “Нитса” ба иҷора равон карда мешавад.  Дар ин бора  Footmercato хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, "Нитса" пас аз рафтани собиқдаровзабон  Валтер Бенитес ба  тими “ПСВ”  ба дарёфти дарвозабони нави бомаҳорат таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.  

Бошгоҳи "Челси" - Кепаро тобистони соли 2018 аз  дастаи "Атлетик"  Билбао бо маблағи 80 миллион евро харидорӣ карда буд, ки ҳамон вақт "Реал Мадрид"  ҳам муштоқи ба ҳайати даста ҷалб кардани ин дарвозабон буд. Дар мавсими оянда, корнамоии  Аррисабалага дар  чемпионати Англия душвор мешавад, зеро  ҳоло интихоби асосии сармураббии лондониҳо Томас Тухел дарвозабони дигар - Эдуард Менди аст, ки аз Ренн харидорӣ шуда буд.

Дар мавсими 2021/2022 Кепа дар ҳайати "Челси" дар ҳама мусобиқаҳо 15 бозӣ анҷом дода,  дар 10 бозӣ ба дарвозааш гол сар надодааст.