«Челси» даъвогари асосӣ барои Ҳолланд

«Челси» даъвогари асосӣ барои Ҳолланд

Ҳамлагари бошгоҳи «Боруссия Дортмунд» – Эрлинг Ҳолланд метавонад ба «Челси» равад. Бино ба иттилои ESPN, роҳбарияти дастаи шаҳри Лондон боварӣ доранд, ки онҳо метавонанд бо футболбоз дар мавриди гузариш ба «Челси» тобистони имсол ба мувофиқа расанд. Айни замон, лондониҳо бо чанд сабаб худро дар мубориза барои ба даст овардани футболбоз фаворит меноманд. Онҳо омодаанд маоши хубе барои норвегӣ пешниҳод кунанд, инчунин кафолат диҳанд, ки ҳамлагар дар оянда яке аз бозингарони калидии даста хоҳад шуд.

Қайд карда мешавад, ки ягона масъалаи номуайян муносибати роҳбарияти «Челси» бо агенти Ҳолланд – Мина Райола мебошад. Лондониҳо дар ягон гуфтушунид бо Райола мувофиқат накардаанд, чуноне, ки дар соли 2017 ҳангоми кӯшиши ба даст овардани Ромелу Лукаку аз «Эвертон» аз пардохти ҳаққи калон худдорӣ карданд. Дар натиҷа, футболбози белгиягӣ ба «Манчестер Юнайтед» гузашт.

Пештар хабар дода шуда буд, ки президенти «Челси» – Роман Абрамович тасдиқ намудааст, ки хоҳиши овардани Ҳолландро ба «Челси» дорад ва беш аз 250 миллион евро барои трансфери тобистон ҷудо намудааст. Бо вуҷуди ин, рӯзноманигори «Bild» – Кристиан Фолк гуфт, ки агар норвегӣ аз «Боруссия» рафтани шавад, «Манчестер Сити» талабгори асосии ӯ хоҳад буд .

Дар мавсими ҷорӣ, Ҳолланд дар ҳайати дастаи «Боруссия» 27 бозӣ гузаронида, ба задани 27 гол даст ёфта ва 8 партофти головар низ анҷом додааст.