“Челси” муборизаро бо дастаҳои бразилӣ дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо идома медиҳад

Дастаи “Челси” дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо дар соли 2025 бар тими бразилии “Палмейрас” ғолибият ба даст овард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “”Линколн Файненшел Филд”-и шаҳри Филаделфия дар ҳузури 60 927 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Челси” фарҷом ёфт.
Дар дақиқаи 16-уми бозӣ Коул Палмер аз паси головари Трево Чалоба истифода намуда, ҳисобро ба фоидаи “Челси” кушод. Ин аввалин голи Палмер дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо мебошад.
Дар дақиқаи 53-юми бозӣ Эстевао бо зарбаи ҷолиби худ ҳисобро баробар намуд. Эстеваоро “Челси” аллакай аз “Палмейрас” харидорӣ кардааст ва тобистони имсол дар назар аст, ки ҳамагари 18 сола ба сафи тими шаҳри Лондон бипайвандад.
Мало Гюсто дар дақиқаи 83-юми бозӣ бо зарбаи қавии худ боис шуд, то дарвозабони “Палмейрас” – Вевертон муаллифи худгол шавад. Ин гол боис шуд, ки “Челси” ғалаба кунад ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоии мусобиқа ҳамвор намояд.
Қаблан, дастаҳои “Палмейрас” ва “Челси” бо ҳам 1 бозӣ дошт, ки дар финали Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои соли 2022 буд. “Челси” бо ҳисоби 2 бар 1 дар бозӣ ғолиб омада, аввалин ҷоизаи Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳоро соҳиб шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки “Челси” дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо -2025 дар марҳилаи гурӯҳӣ аз тими бразилии “Фламенго” бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб шуда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ тими дигари бразилӣ “Палмейрас”-ро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб карда, дар марҳилаи нимниҳоӣ бо тими дигари бразилӣ “Флуминенсе” бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо рӯзи 8-уми июл баргузор мегардад.