«Челси» нақшаи «Ливерпул»-ро вайрон мекунад

«Челси» нақшаи «Ливерпул»-ро вайрон мекунад

Ҳамлавари бошгоҳи «Лейпсиг» Тимо Вернер аз эҳтимол дур нест, ки ба тими «Челси» гузариш кунад. Инчунин ин ҳамлавари ҷавони олмониро дастаи «Ливерпул» мавриди таваҷҷуҳи худ қарор додааст. Ҳамин тавр “ашрофзодаҳо”-и лондонӣ нақша доранд, ки пешдастӣ намуда, Тимо Вернерро пеш аз “Ливерпул” харидорӣ кунанд. Дар мавсими ҷории Бундеслига форварди 24 сола 29 вохӯрӣ доир карда, ба задани 25 гол ва 7 партофти натиҷаовар даст ёфтааст.

 

СМИ: «Челси» может перехватить Вернера у «Ливерпуля»