“Челси”-ро хафа карданд

“Челси”-ро хафа карданд

Дар бозии даври 5-уми ПЛА дастаи “Челси” бо тими “Саутгемптон” рақобат намуд. Вохӯрии дастаҳо дар “Стэмфорд Бриҷ” доир шуда, бо натиҷаи мусовии 3:3 хотима ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 15-ум футболбози навкори кабутҳо Тимо Вернер ҳисобро боз кард. Пас аз гузариши чанд дақиқа боз олмонӣ голи дуюми дастаашро муаллифӣ карда натиҷаро дучанд кард. Дар охирҳои қисми якуми вохӯрӣ Дэнни Ингс ҳисобро 2:1 намуд. Дар дақиқаи 57-ум бошад, Че Адамс ҳисобро баробар намуда, ба бозӣ оташ ворид кард. Пас аз якчанд лаҳза Хавертс “ашрофзодаҳо”-ро ба пеш баровард. Аммо хурсандии мизбонон дер давом накард, чаро ки дар нафасҳои охири дидор аниқтараш дар дақиқаи 90+2 Вестергорд бо голи задааш “Челси”-ро аз пирӯзӣ маҳрум кард. Акнун баъди ин вохӯрӣ шогирдони Лемпард бо касби 8 хол дар ҷои 6-ум қарор доранд.