«Челси» як қадам ба даври нимниҳоӣ наздик шуд

«Челси» як қадам ба даври нимниҳоӣ наздик шуд

Бошгоҳи «Челси», ки ҳафтаи гузашта дар ПЛА бо ҳисоби бузург бохту мухлисонашро хавотир карда буд, ин бор боварии мухлисонашро ба даст овард. Томас Тухел дар бозии аввали даври ¼ финали Лигаи Чемпионҳо ба таври ҷиддӣ бар зидди дастаи португалии “Порту”, ки қаблан “Ювентус”-и бузургро аз сари роҳаш дур намуда буд, омода буд. Бозии тимҳо дар майдони бегона яъне дар «Рамон Санчес Писхуан»-и шаҳри Севиля баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба суди “ашрофзодаҳо”-и лондонӣ хотима ёфт. Дар дақиқаи 32-юми дидор нимҳимоятгари “Челси” - Мэйсон Маунт аз иштибоҳи футболбози “Порту” истифода карда, ҳисобро боз кард. Панҷ дақиқа то анҷоми дидор - Бенҷамин Чилуэлл ҳамаро ҳайрон кард, ин англисии 24 сола бо дарвозабони “Порту” як ба як баромад ва ӯро ба осонӣ фиреб дода, саҳми хешро дар голи дуюми англисҳо гузошт. Ҳамин тавр дидори мазкур бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи лондониҳо хотима ёфт. Маврид ба ёдоварист, ки бозии ҷавобии дастаҳо дар ҳамин варзишгоҳ яъне «Рамон Санчес Писхуан» 13-уми апрел дар дили шаб соати 23:55 доир мешавад.

Лигаи чемпионҳо

Даври ¼ финал

«Порту» (Португалия) — «Челси» (Англия) — 0:2 (0:1)

Голҳо: Маунт, 32 (0:1). Чилвелл, 85 (0:2).

«Порту»: Марчесин, Пепе, Мбемба, Манафа (Виейра, 83), Сануси, Груич, Отавиу (Шику Консейсау, 83), Урибе, Корона, Марега (Мартинес, 83), Диас.

«Челси» (Англия): Менди, Аспиликуэта, Рюдигер, Кристенсен, Чилвелл, Ҷеймс (Тиагу Силва, 80), Ковачич (Эмерсон, 90+2), Жоржиню, Хавертс (Жиру, 65), Маунт (Канте, 80), Вернер (Пулишич, 65).