Иштирокчиёни марҳилаи ниҳоии плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар Аврупо муайян шуданд

Иштирокчиёни марҳилаи ниҳоии плей-оффи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 дар Аврупо муайян шуданд

Дар минтақаи Аврупо бозиҳои нимниҳоии марҳилаи плей-оффи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ба анҷом расиданд.

Дар натиҷа, мунтахабҳои Италия, Шветсия ва Дания бо пирӯзиҳои боварибахш ба финали плей-офф роҳ ёфтанд. Ҳамчунин, тими мунтахаби Лаҳистон бо анҷом додани камбэк тавонист роҳхати бозии ҳалкунандаро ба даст орад.

Қобили зикр аст, ки дар ҳайати мунтахаби Шветсия ҳамлагар Виктор Дёкереш ҳет-трик ба қайд гирифт ва яке аз қаҳрамонони асосии бозӣ гардид.

Дар баробари ин, мунтахабҳои Ирландия, Уэлс ва Украина аз идомаи мубориза маҳрум шуда, имкони сафар ба Ҷоми ҷаҳонро аз даст доданд.

Ҳамчунин, дар ҳайати Македонияи Шимолӣ, ки бо ҳисоби калон мағлуб шуд, ҳамлагари эҳтиётӣ Люпчо Дориев дар дақиқаи 64 ба майдон ворид гардид.

Марҳилаи навбатӣ финали плей-офф муайян мекунад, ки кадом дастаҳо ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026. Аврупо

Плей-офф. Нимниҳоӣ. 26 март

Италия —Ирландияи Шимолӣ 2:0

Голҳо: Тонали (56), Кен (80).

Италия — Доннарумма, Манчини, Бастони (Гатти, 63), Калафиори, Политано (Палестра, 83), Барелла, Локателли, Тонали (Писилли, 83), Димарко, Кен (Распадори, 88), Ретеги (Эспозито, 63).

Украина — Шветсия 1:3

Голҳо: Пономаренко (90+1) — Дёкереш (6, 51, 73 пеналти).

Чехия — Ирландия 2:2

Силсилаи пеналтӣ — 4:3.

Голҳо: Шик (27, пеналти), Крейчий (86) — Пэрротт (19, пеналти), Ковар (23, худгол).

Лаҳистон — Албания 2:1

Голҳо: Левандовски (63), Зелински (73) — Хожа (42).

Уэлс — Босния ва Ҳертсеговина 1:1

Силсилаи пеналти — 2:4.

Голҳо: Ҷеймс (51) — Ҷеко (87).

Дания —Македонияи Шимолӣ 4:0

Голҳо: Дамсгор (49), Исаксен (58, 59), Нёргор (76).

Словакия — Косово 3:4

Голҳо: Валент (6), Хараслин (45), Стрелетс (90+3) — Хожа (21), Асслани (47), Муслия (60), Хайритси (72).

Бозиҳои ниҳоии плей-офф 31 март баргузор мешаванд ва ҷуфтҳои зерин чаҳор дастаро муайян мекунанд, ки ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ меёбанд:

Босния ва Ҳертсеговина — Италия

Шветсия — Лаҳистон

Косово — Туркия

Чехия — Дания