Чемпионати ҷаҳон барои Миҷгона Самадова хотима ёфт

Чемпионати ҷаҳон барои Миҷгона Самадова  хотима ёфт

Рӯзи 8-уми октябр дар шаҳри Улан-Удэи Федератсияи Россия рақобатҳои даври 1/8 ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон доир гашт. Дар вазни 57кг намояндаи Тоҷикистон Миҷгона Самадова ба ринг баромад. Рақиби ӯ Каррис Артингсталл аз Англия маҳсуб мешуд. Мутаассифона, Миҷгона аз ин ҳарифи худ бо ҳисоби 5:0 мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд. Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи қаблӣ Самадова намояндаи Кот д-Ивуар Марселат Сакобиро шикаст дода буд. Ҳамчунин дар маъракаи мазкур варзишгари дигари тоҷик Нилуфар Бобоёрова дар вазни 64кг ба даври ¼ ниҳоӣ роҳхат пайдо кардааст. Ӯ рӯзи 10 октябр бар муқобили варзишгари Россия Екатерина Динник ба ринг мебарояд.