Чемпионати Ҷаҳон оид ба бокс барои муштзанбонувони тоҷик бенатиҷа хотима ёфт

Чемпионати Ҷаҳон оид ба бокс барои муштзанбонувони тоҷик бенатиҷа хотима ёфт

Аз 16-уми март инҷониб дар Деҳлӣ Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон баргузор гардида истодааст. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур, Сумайя Қосимова (48кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50кг), Мижгона Самадова (60кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63кг) муаррифӣ намуданд.

Муштзанбонуи тоҷик Сумайя Қосимова зери вазни 48кг дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс муқобили намояндаи Тунис — Вафа Хафси бо ҳисоби 4:1 пирӯзӣ ба даст оварда, дар даври 1/8 ниҳоӣ бо қарори доварон аз намояндаи Ҳиндустон мағлуб гардид.

Муштзанбонуи дигари тоҷик Миҷгона Самадова зери вазни 60кг дар даври аввал муқобили Йелиз Арифе Алтин аз Туркия пирӯз гардида, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромад. Дар даври 1/8 финал Миҷгона бо варзишгари Ҳиндустон — Жасмине Жасмин қуввазмоӣ карда, бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Бояд қайд намоем, ки ду муштзанбонуи дигари кишвар Нилуфар Бобоёрова ва Руҳафзо Ҳақназарова дар даври аввал ноком шуданд. Нилуфар дар вазни 63кг аз Меган де Клер аз Ҳоланд мағлуб гардида, Руҳафзо аз Даниша Матялаган шикаст хӯрд.

Ногуфта намонад, ки Чемпионати Ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувон дар Деҳлӣ то рӯзи 26-уми март идома баргузор мешавад.