Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек солҳои 2028 -2029 дар Абу-Даби доир мегардад

Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек солҳои 2028 -2029 дар Абу-Даби доир мегардад

Абу-Даби (АМА) мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар соли 2028 ва Чемпионати ҷаҳон оид велосипедронӣ дар трек дар соли 2029 интихоб шуд.

Ин тасмим дар Конгресси 192-и Иттиҳоди ҷаҳонии ҷелосипедронӣ дар Глазго гирифта шуд. Ҳамакнун ҳашт кишвар дар чор қитъа ҳуқуқи мизбонии 14 мусобиқаро ба даст овардаанд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ соли 2024 дар шаҳри Сюрихи Швейтсария баргузор мешавад. Соли 2025 ин чорабинӣ бори аввал дар Африқо баргузор мешавад ва Руанда мизбон хоҳад буд, дар ҳоле ки Монтреал бояд нашри соли 2026-ро мизбонӣ кунад.

Соли 2027 UCI нашри навбатии Чемпионати ҷаҳонии маҷмуиро, ки айни замон дар Глазго аввалин бор доир гардида истодааст, баргузор мешавад ва он бояд дар минтақаи Ҳот-Савои Фаронса доир гардад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Глазго Тоҷикистонро як варзишгар - Комрон Қодиров намояндагӣ мекунад.