Чемпионати Аврупо — 2028 дар Ирландия ва Британияи Кабир баргузор мешавад
УЕФА тасдиқ намуд, ки мизбонони чемпионати Аврупо оиди футбол-2028 Британияи Кабир ва Ирландия мебошанд.
Гуфта мешавад, ки бозиҳои Евро-2028 дар шаҳрҳои Белфаст, Бирмингем, Кардифф, Дублин, Глазго, Ливерпул, Лондон, Манчестер ва Нюкасл доир мешаванд. Чемпионати Аврупо ҳар чор сол як маротиба миёни мунтахабҳои миллии шомили УЕФА гузаронида шуда, Евро-2028 — 18-умин мусобиқаи қоравӣ дар таърих мебошад.
Қобили қайд аст, ки чемпионати Аврупо — 2024 дар 10 шаҳрҳо ва 10 варзишгоҳҳои Олмон доир шуда, мусобиқа аз 14-уми июн то 14-уми июли соли 2024 доир мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳии сабқати ниҳоӣ 24 мунтахаби миллӣ ширкат меварзанд.
Қаҳрамони феълии чемпионати Аврупо оиди футбол мунтахаби Италия мебошад, ки дар финали Евро-2020 бар Англия дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и шаҳри Лондон тибқи натиҷаи силсилазарбаҳои пеналтӣ пирӯзӣ ба даст овард.