Чемпионати CAFA 2022: Бохти Тоҷикистон аз Ӯзбекистон

Чемпионати CAFA 2022: Бохти Тоҷикистон аз Ӯзбекистон

Дишаб, бозиҳои даври 4-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни мунтахабҳои то 19 солаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир  шуд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба нафъи ӯзбекҳо анҷом ёфт.  Агар дастпарварони Аҳлиддин Турдиев дар ин вохӯрӣ музаффар мегардиданд, пас тақдири қаҳрамонӣ ҳал шуда буд ва футболбозони кишвари мо имкони бештари ба даст овардани Ҷоми мусобиқаро доштанд. Лек онҳо бозиро бохтанд ва тақдири қаҳрамонӣ дар даври охир ҳал мешавад.

Ёдовар мешавем ,ки  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда буд. Баъд аз ин ғалаба тими миллии ҷавонони кишвари мо бо касби 6 имтиёз ба зинаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баромад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои то 19 сола

Даври 4

 10 август (чоршанбе)

Ӯзбекистон 3:0 ТОҶИКИСТОН

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ