Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасони то 16 сола имрӯз дар Душанбе шуруъ мешавад

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои наврасони  то 16 сола  имрӯз дар Душанбе шуруъ мешавад

Имрӯз,  13-уми май дар Душанбе чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола оғоз мешавад. Панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар арафаи оғози чемпионат дирӯз, 12 май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз мусобиқа баргузор гардид.

Дар бозиҳои чемпионати CAFA-2022 панҷ мутахассис аз Тоҷикистон кор мекунад. Беҳрӯзи Айниддинзода комиссари ин мусобиқа таъйин шуда, Абдураҳим Бобоев доваронро назорат мекунад. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ва ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев ва Исмоил Нуралиев ҳакамии вохӯриҳоро ба ӯҳда доранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон.

Даври 1

13 май (ҷумъа)

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

21:00 – Афғонистон – Қирғизистон

 Даври 2

14 май (шанбе)

18:00 – Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 Даври 3

16 май (душанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 Даври 4

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

#CAFA #CAFAU16

Сарчашма: ФФТ