Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе бо маром ҷараён дорад

Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон дар Душанбе бо маром ҷараён дорад

Аз 11-ум то 15 –уми августи соли равон Қасри теннис ва маҷмааи варзишии боҳашамати шаҳри Душанбе мизбони аввалин Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон гардида истодааст. Чемпионат бо дастгирии  МИҲД- шаҳри  Душанбе аз ҷониби Конфедератсияи бадминтони Осиё ва Федератсияи бадминтони Тоҷикистон миёни бадминтонбозони   15 ва 17 сола ҷараён дорад.  


Чорабинӣ ба муносибати ҷашни 31–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз он ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ ва риштаи дӯсти миёни варзишгарони минтақа  мебошад. Қобили зикр аст ,ки дар чемпионат бадминтонбозон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон иштирок доранд. Бадминтонбозони кишвари Муғулистон ҳам барои иштирок номнавис шуда буданд, лек онҳо ширкат варзида натавонистанд.


Дар ду рӯзи аввал мо шоҳиди рақобатҳои даставӣ миёни 4 мунтахаби иштирокчӣ шудем.  Танҳо бадминтонбозони Эрон дар рақобатҳои даставӣ иштирок накарданд ва онҳо дар рақобатҳои инфиродӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. 

Рақобатҳои даставӣ ба таври системаи даврӣ сурат гирифт.  Дар ҷараёни рақобатҳо бадминтонбозони то 15 ва 17 солаи Қазоқистону Ӯзбекистон ду ғалабагӣ ба даст оварда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.  Дар даври ниҳоӣ аз 5 бозии пешбини шуда, бадминтонбозони Ӯзбекистон дар чаҳортояш ғалаба ба даст оварда, нишонҳои заррини мусобиқаро ба даст оварданд. Ҳамчунин  тими то 15 солаи Ӯзбекистон ҳам,  дар даври ниҳоӣ бо ҳамин ҳисоби 4 бар 1 бадминтонбозони Қазоқистонро шикаст дода, соҳиби медалҳои тилло шуданд.


Бадминтонзони кишвари мо барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо ҳамтоёни хеш аз Қирғизистон мубориза бурданд.  Ибтидо дар рақобати омехта Ҷамолиддин Салимов ва Омина Охунқадамова ҷуфти бадминтонбозони қирғиз Байер Мадираимов ва Элаим Азаматро дар ду сет шикаст доданд.

Дар рақобати даставӣ Мафтуна Шарипова ва Муҳаммадсаид Салимов ҳам тавонистанд ,ки бо ҳисоби бузург рақибони қирғизашонро ноком кунанд.

 Дар ду рақобати охирин ҳам,  ҷуфти Омина Охунқадамова , Мафтуна Шарипова  ва Муҳаммадсаиду Ҷамолиддин Салимовҳо музаффарият ба даст оварда, нишони биринҷиро барои мунтахаби  Тоҷикистон соҳиб шуданд.  

Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа ҳам, аз баргузории чунин мусобиқа дар Тоҷикистон изҳори хурсандӣ карда,  аз шарту шароит ва имкониятҳои фароҳамгардида  масруранд. 


13-уми август рақобатҳои инфиродӣ оғоз шуд ,ки дар он 5 мунтахаби иштирокчӣ Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Эрон барои нишонҳои фахрӣ муборизаро оғоз карданд. Бадминтонбозони муваффақи кишвари мо  Мафтуна Шарипова, Муҳаммадсаид ва Ҷамолиддин Салимовҳо  то ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта, мағлуб шуданд. Бадминтонбозони Эрону Ӯзбекистон то ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва дар ин давр Эрон муддаии асосии қаҳрамонӣ мебошад.