Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс ҷамъбаст гардид

Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс ҷамъбаст гардид

Тавре иттилоъ дода будем, аз 2 то 6 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс (мардон ва занон) баргузор гардид.

Чемпионат бо иштироки 117 нафар варзишгарон аз дастаҳои

– Душанбе-1 – 1 даста;

– Душанбе-2 – 1 даста;

– ВМКБ-1 – 1 даста;

– ВМКБ-2 – 1 даста;

– вилояти Хатлон 1 – 1 даста (минтақаи Бохтар);

– вилояти Хатлон 2 – 1 даста (минтақаи Кўлоб);

– вилояти Суғд-1 – 1 даста;

– вилояти Суғд-2 – 1 даста;

– ШНТҶ 1 – 1 даста;

– ШНТҶ 2 – 1 даста баргузор гардид.

Дар маросими туҳфасупорӣ сардори Раёсати тарбияи ҷисмонї ва инкишофи варзиши Кумита Бозоров Носир ва раиси Федератсияи бокси кишвар Бег Сабур иштирок намуда, ғолибону ҷоизадорон бо диплому медалҳои таъсиснамудаи Кумита сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин ба дастаҳои иштирокчӣ лавозимотҳои варзишӣ аз ҷониби Федератсия тақдим карда шуданд.

Ёдовар мегардем, ки то имрӯз аз кишвар маҳз 2 роҳхати олимпиро варзишгарони риштаи бокс соҳиб гардидаанд.

Ғолибон байни бонувон

  1. вазни 51 кг – Қосимова Сумая (Душанбе)
  2. вазни 57 кг –Мамадова Миҷгона (Душанбе)
  3. вазни 60 кг – Зулқарнаева Шоира (Душанбе)
  4. вазни 69 кг – Холова Идимоҳ (Душанбе)
  5. вазни 75 кг – Каримова Фарзона (Душанбе)

Ғолибон байни мардон

  1. вазни 52 кг – Абдусамадзода Муҳаммад (Суғд 2)
  2. вазни 57 кг – Сагизов Бахтовар (Хатлон 2)
  3. вазни 63 кг – Ёқубов Абдураҳмон (Суғд 1)
  4. вазни 69 кг – Амонов Саидикром (Душанбе 1)
  5. вазни 75 кг – Мирзомуҳаммади Бахтиёр (Душанбе1)
  6. вазни 81 кг – Саидов Аҳмадҷон (Душанбе1)
  7. вазни 91 кг – Болтаев Давлат (Душанбе)
  8. вазни +91 кг – Зуҳуров Сиёвуш (Душанбе)