Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон аз 18-ум то 22-юми октябр дар шаҳри Хуҷанд доир мешавад. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои кишвар миёни мардон ва бонувон ширкат меварзанд. Мардон дар вазнҳои 48 кг, 51 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63,5 кг, 67 кг, 71 кг, 75 кг, 80 кг, 86 кг, 92 кг, +92 кг ва бонувон дар вазнҳои 48 кг, 50 кг, 52 кг, 54 кг, 57 кг, 60 кг, 63 кг, 66 кг, 70 кг, 75 кг, 80 кг, +81 кг баромад мекунанд.
Дастаҳои иштирокчӣ – Душанбе -1, Душанбе -2, ВМКБ, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд ва ШНТМ мебошанд. Ҳайати дастаҳо аз 18 варзишгар, 1 довар ва 1 мураббиро дар бар мегирад.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии бокс доир шуда, ғолибон ба Чемпионати Осиёӣ дар пешистода роҳ меёбанд.
Сардовари мусобиқа Мансур Муҳиддинов ва саркотиб Алишер Тимиров мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта, Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон дар шаҳри Душанбе доир шуда буд.