Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ–2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Рӯзҳои 10–11 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад. Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида, беҳтарин паҳлавонони кишварро аз минтақаҳои гуногун ба ҳам меорад.
Дар ҷараёни чемпионат паҳлавонон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат хоҳанд кард. Ғолибони мусобиқот ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро арзанда муаррифӣ намоянд.
Ҳамзамон, бо мақсади рушди гӯштингирӣ миёни наврасон ва кашфи истеъдодҳои ҷавон, рӯзҳои 12–13 феврал дар ҳамин маҷмааи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни наврасон баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки инчунин рӯзҳои 7-8 феврал Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо ва Чемпионати Тоҷикистон оид ба кураш рӯзҳои 14-15 феврал дар Душанбе доир мешавад.
Ҳамчунин, аз 10 то 15 феврал дар пойтахт Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни калонсолон (мардон), бахшида ба хотири Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Ҳалимов доир мегардад.