Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар Душанбе баргузор мегардад
Рӯзҳои 7–8 феврал Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизбони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо хоҳад буд. Дар ин мусобиқа беҳтарин варзишгарони кишвар аз намуди самбои варзишӣ ва размӣ ҷамъ омада, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рақобат мекунанд.
Ғолибони мусобиқа дар Чемпионати ҷаҳони самбо, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.
Интизор меравад, ки сабқатҳо дар фазои рақобати ҷиддӣ ва сатҳи баланди варзишӣ баргузор гардида, дӯстдорони самборо шоҳиди баромадҳои ҷолиб гардонанд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими вазнкашии мусобиқаи мазкур доир мешавад.
