Чемпиони ҷаҳон ба “Интер” мегузарад

Чемпиони ҷаҳон ба “Интер” мегузарад

Рӯзҳои гузариши ҳамлагари “Челси” Оливйе Жиру  ба “Интер” наздик мешавад. Тибқи маълумоти рӯзноманигори “Sky Sports” Фабритсио Романо, тарафҳо алакай ба тавоқуф расиданд.  Миланиҳо барои трансфери Жиру ба “Челси” 5 миллион евро пешниҳод хоҳанд кард. Рӯзҳои наздик тарафҳо гуфтушунидро ба анҷом мерасонанд ва ҳамлагар барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба Италия меравад.
Манбаъ қайд мекунад, ки гузаштан ба “Интер” барои Оливйе Жиру ягона варианти идома додани корномааш ба ҳисоб меравад. Бо футболбози 33-сола шартномаи дувунимсоларо ба имзо мерасонанд. Маоши ӯ бошад дар як сол 4 миллион евроро ташкил хоҳад дод.
Жиру дар мавсими ҷории Премйер-лигаи Англия дар 7 бозӣ ширкат карда, муаллифи 1 гол шудааст.