Чин маротибаи 11-ум дар Ҷоми Осиё ширкат мекунад
Мунтахаби Чин дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар дар гурӯҳи «А» дар баробари мизбон Қатар, Лубнон ва Тоҷикистон ширкат хоҳад кард. Мунтахаби Чин бори 11-ум дар ин мусобиқаи бонуфузи қораи Осиё ширкат мекунад.
Беҳтарин нишондоди чиниҳо дар солҳои 1984 ва 2004, вақте ки онҳо аз унвон маҳрум шуда, ҷои дуюмро гирифтанд. Соли 1976 дар аввалин баромадашон дар Ҷоми Осиё тими миллии Чин медалҳои биринҷиро соҳиб шуда буд.
Рӯзи якшанбеи 13-уми январ дар варзишгоҳи “Абдуллоҳ ибни Халифа” бо дебютантҳои Тоҷикистон тими миллии Чин қувваозмоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар аз 12-уми январ то 10 –уми феврали соли 2024 миёни 24 мунтахаб баргузор мешавад.
Инҷо дар инфографика 10 бозии охири мунтахаби Чинро дар пешорӯи мусобиқаи Ҷоми Осиё -2023 тартиб додем: