Covid-19 пеши роҳи Кореяи Шимолиро гирифт

Covid-19 пеши роҳи Кореяи Шимолиро гирифт

Тими мунтахаби Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА-2022, ки моҳи июн дар Кореяи ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат нахоҳад кард. Дар ин бора Ассотсиатсияи футболи ин кишвар изҳорот додааст. Сабаби даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз ин мусобиқа сирояти коронавирус мебошад. Ёдовар мешавем, ки Кореяи Шимолӣ дар марҳилаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА-2022 дар гурӯҳи “Н” бо тимҳои Туркманистон, Лубнон, Шри-Ланка ва Кореяи ҷанубӣ рақобат мекунад.