COVID-19 "Ювентус"-ро аз Роналду ҷудо мекунад

COVID-19 "Ювентус"-ро аз Роналду ҷудо мекунад

Бошгоҳи "Ювентус"-и шаҳри Турин бо сабиби норасоиҳои молию пулӣ, ки коронавирус зиёни хешро расонд, нақша дорад форварди 35 солаи даста Криштиану Роналдуро дар равзанаи тобистона ба фурӯш гузорад. Нархи Роналду дар бозори трансфери 70 млн € дар ин замон мебошад. Дастаи "Манчестер Юнайтед" омода аст, ки Роналдуро ба ҳайати хеш шомил кунад.

Дар мавсими ҳозира Роналду дар 35 бозии дастаи "Ювентус" ба майдон баромада, дар ҳисоби хеш 25 гол ва 4 партофти головар дорад.