Дабл-дабли Тейтум ба “Бостон” имкон дод, ки дар силсила бо “Майами” дуюмин ғалабаи пайдарпайро ба даст орад

Дабл-дабли  Тейтум  ба “Бостон”  имкон дод, ки дар силсила бо “Майами”  дуюмин ғалабаи пайдарпайро  ба даст орад

Дар варзишгоҳи «Ти-Ди Гарден» -и шаҳри Бостони ИМА  дар бозии панҷуми даври ниҳоии конфронси шарқӣ баргузор шуд, ки дар он «Бостон Селтикс» дастаи «Майами Хит»-ро қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 110:97 бо пирӯзии мизбонон анҷом ёфт.

Дар ҳайати мизбонон Ҷейсон Тейтум сермаҳсул буд. Аз ҳисоби ӯ дабл-дабл, 21 хол, 8 бозёфт  ва 11 ассист аст. Ба ғайр аз Ҷейсон, се бозигари “Бостон” зиёда аз 20 хол ба даст овардаанд. Онҳо  Ҷейлен Браун (21), Деррик Уайт (24) ва Маркус Смарт (23) мебошанд.

Пешвои «Майами» - Ҷимми Батлер 14 хол, 5 бозёфт  ва ҳамон миқдор ассист ба даст овард.  Дункан Робинсон 18 хол, 4 бозёфт  ва 9 ассист дар ҳисоб дорад.  Бам Адебайо 16 хол ва 8 бозёфти тӯб кор кард.

Ҳоло ҳисоб дар серия 3 бар 2 ба фоидаи “Майами” мебошад. Бозии навбатӣ дар Майами баргузор мешавад. Ғолиби ин рақобат ба финали NBA роҳхат мегирад. Дар финал “Денвер” мунтазири ғолиби ин ҷуфт аст.