Далелҳои ҷолиб дар бораи сармураббии нави "Барселона"

Далелҳои ҷолиб дар бораи сармураббии нави "Барселона"

14-уми январ бошгоҳи "Барселона" Валвердеро аз вазифаш сабукдӯш кард ва ба ҷойи ӯ собиқ сармураббии дастаҳои "Лас-Палмас" ва "Реал Бетис" - Кике Сетйенро таъйин кард. Инак, мо ба шумо далелҳои ҷолибро оиди сармураббии ҷадиди "Барселона" ҷамъоварӣ кардем:

• Бошгоҳи “Лас-Палмас”-ро аз Сегунда ба Ла Лига баровард. Баъд аз рафтани ӯ даста боз ба Сегунда рафт.
• Дар аввалин мавсими худ “Бетис”-ро ба Лигаи Аврупо баровад. Пас аз рафтани ӯ натиҷаҳои даста бад шуд ва ҳоло барои боқӣ мондан дар Ла Лига мубори бурда истодааст.
• Мухлиси ашаддии Кройф аст ва сабку услуби ӯро бештар меписандад. Яъне мехоҳад, ки даста бисёртар тӯбронӣ кунад.
• Ҳангоми сармураббии “Бетис” буданаш аз ҷиҳати фоизи идоракунии тӯб рекорди Гвардиоларо шикаст – 82% тӯбронӣ. 
• Дар 16 соли охир аввалин сармураббие мебошад, ки “Барселона” ва “Реал”-ро дар майдони худи онҳо шикаст додааст. 
• Футболбози дӯстдоштааш Серхио Бускетс аст.
• Бештар идоракунии тӯбро меписандад. Ҳангоми роҳбарияш дар “Лас-Палмас” ва “Бетис” дастаҳояш дар фоизи тӯбронӣ танҳо аз “Барселона” қафо мемонданд.