Далер Кузяев ба Чемпионати Фаронса меравад

Далер Кузяев ба Чемпионати Фаронса меравад

Ниммуҳофизатгари тоҷиктабори бошгоҳи «Зенит» Далер Кузяев шояд корномаи варзишиашро дар дастаи «Бордо»-и Фаронса идома диҳад, хабар додааст Footmercato. Ба маълумоти сарчашма футболбози 27 сола, ки охири мавсим бо дастаи шаҳри Санкт-Петербург шартномааш ба охир мерасд, имкон дорад, ки ҳамчун футболбози озод ба дастаи «Бордо» гузариш кунад. Дастаи фаронсавӣ кайҳо боз ба маҳорати футболбози тоҷиктабор мароқ зоҳир намудааст. Футболбоз истеъдоди дар марказ ва тарафҳои чупу рости майдон хуб ҳунарнамоӣ карданро дорад. Ҳанӯз дар оғози моҳи май маҷаллаи «Спорт день за днем» навишта буд, ки баъди анҷоми мавсим Далер Кузяев ҳайати «Зенит»-ро тарк мекунад. То ҳол дастаи шаҳри Санкт-Петербург ба Далер шартномаи нав пешниҳод накардааст.