“Даллас” муқобили “Вегас” зафар ёфт

Дар варзишгоҳи «Американ Эйрлайнс-сентр»-и Далласи ИМА дар бозии чоруми даври ниманиҳоии Ҷоми Стэнли ба охир расид, ки дар он “Даллас Старз” дастаи “Вегас Голден Найтс”-ро қабул кард. Бозӣ бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3 бар 2 анҷом ёфт.
Ҳоло ҳисоб дар силсила 3 бар 1 ба фоидаи “Вегас” аст. Дар даври дуввуми ниманиҳоӣ “Каролина” ва “Флорида” барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи ҳалкунандаи мусобиқот бозӣ карданд. “Флорида” дар ин силсила бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба кард ва ба финал роҳ ёфт.