Данғара мизбони 10-умин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти ҶТ оид ба ҷудо интихоб гардид
Рӯзҳои 4-ум ва 5-уми октябр дар ноҳияи Данғара мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ғолибону ҷоизадорон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм бо 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.
Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81кг, -90 кг, -100 кг, +100кг ва 3 вазн миёни занон: -52 кг, -57кг ва -63 кг баргузор мегардад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон берун аз кишвар ҳам даъват шудаанд.