Дана Уайт бар он аст, ки Макгрегор ва Чендлер имсол рақобат мекунанд

Дана Уайт бар он аст, ки Макгрегор ва Чендлер имсол рақобат мекунанд

Дана Уайт мегӯяд,ки рақобати Конор Макгрегор ва Майкл Чендлер имсол доир шуда метавонад.

«Албатта, ки онҳо имсол бо ҳам муҳориба анҷом дода метавонанд. Не, Конор ҳоло барнагаштааст. Пас мебинем, ки чӣ мешавад.

USADA айни ҳол як чиз мегӯяд, вале кӣ медонад, ки онҳо пагоҳ чӣ мегӯянд. Ман нишаста, тахмин намезанам, ки чӣ рух медиҳад. Ҳеҷ кас намедонад, ки таърихи Конор бо чӣ меанҷомад. Ягон касро суханони USADA ба ҳайрат меорад? » – гуфтааст президенти UFC Дана Уайт.

Пештар маълум шуда буд, ки Макгрегор ба марҳилаи санҷишии USADA ҳозир нашуда, ба ин хотир соли 2023 вориди октагон шуда наметавонад.

Сарчашма — Bloody Elbow