Дана Уайт вақти бозгашти Макгрегорро ба UFC эълон кард!
Роҳбари ташкилоти бонуфузи UFC Дана Уайт бори дигар дар бораи замони бозгашти қаҳрамони собиқи ин созмон дар ду вазн Конор Макгрегори ирландӣ сухан гуфт.
«Ман ҳамон касе будам, ки новобаста аз овозаҳо, гуфта будам, ки имсол рақобат намекунад. Ҳатто бо назардошти он ки задухӯрд дар нишасти матбуотӣ ба нақша гирифта шуда буд. Конор Макгрегор соли оянда, дар аввали соли 2025 пас аз бозгашт боз дебют мекунад.
Дана Уайт боварӣ дорад, ки Конор дар ҳоло ҳам дар формаи хуби варзишӣ қарор дорад ва вақте ки ӯ бармегардад, мо инро хоҳем фаҳмид "гуфтааст, Уайт ба New York Post.
Ёдовар мешавем, ки Макгрегор аз моҳи июли соли 2021, вақте ки ӯ дар UFC 264 аз Дастин Порйеи амрикоӣ бо нокаут (ҷароҳати пояш) шикаст хӯрд, рақобат намекунад.