Даниел Кормйе мушкилоти бузургтарини ЮФС-ро номбар кард
Узви Толори Шарафи ЮФС ва қаҳрамони собиқи ин ширкати размӣ Даниел Кормйе аз набуди размгарони қавии амрикоӣ дар бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ изҳори нигаронӣ кард.
"Вазни вазнин устувор аст, зеро Том Аспиналл размгари воқеӣ аст. Ман фикр мекунам, ки Сирил Ган рақобатпазирӣ зиёд дорад. Ҷон Ҷонс ҳоло ҳам дар ҳолати хуби варзишӣ ҳаст... Аммо дар вазни вазнин кулли чиз ҳамеша хуб хоҳад буд, зеро барои ҷалби тамошобинон анҷом додани чизи бузурге лозим нест.
Мушкили он аст, ки амрикоиён дар миёни топ-10 беҳтарин сангинвазнҳо нестанд, онҳо ҳатто дар миёни топ-10 рамгарони беҳтарини ширкати ЮФС новобаста аз вазн нестанд.
Ҷастин Гайтҷи айни замон қаҳрамони муваққатии вазни сабук аст. Ва ин ягона унвонест, ки айни замон як варзишгари амрикоӣ дорад. Аммо мо инро ислоҳ хоҳем кард. Мо ба тамрини гуштигирон шурӯъ хоҳем кард", - иқтибос меорад аз суханони Кормйе портали хабарӣ Bloody Elbow.