Даниил Медведев дар оғози мусобиқаи ҷамъбастии АТР Андрей Рублевро дар ду сет шикаст дод

Даниил Медведев дар оғози мусобиқаи ҷамъбастии  АТР Андрей Рублевро дар ду сет шикаст дод

Қаҳрамони US Open 2021, ракеткаи сеюми ҷаҳон, теннисбози рус Даниил Медведев дар мусобиқаи ҷамъбастии ATP-2023, ки дар шаҳри Турини Италия ҷараён дорад, бо пирӯзӣ рақобатҳоро оғоз кард.

Даниил Медведев дар нахустин бозии даври гурӯҳӣ бар қаҳрамони Олимпиадаи соли 2020 дар ҷуфтҳои омехта, ракеткаи панҷуми ҷаҳон, ҳамватанаш - Андрей Рублев бо ҳисоби 6:4, 6:2 зафар ёфт. Вохӯрии теннисбозони рус 1 соату 32 дақиқа рӯи корт давом кард.

Ин ғалабаи 11-уми Медведев дар як соли тақвимӣ бар бозигарони 10-уми беҳтарини рейтинги ATP буд. Ӯ  рекорди ҳамватанаш  Евгений Кафелниковро (10 ғалаба), ки русҳо соли 1994 гузошта буданд, шикаст.

Ёдовар мешавем, ки Медведев ва Рублев дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи ҷамъбастии ATP гурӯҳи сурхро намояндагӣ мекунанд, ки ба он инчунин испанӣ Карлос Алкараз (ракеткаи 2-юми ҷаҳон) ва Александр Звереви олмонӣ (ракеткаи 7-уми ҷаҳон) шомиланд. Ду теннисбози беҳтарини гурӯҳ ба плей-офф роҳ меёбанд.

Мусобиқаи ниҳоии ATP аз 12-ум  то 19-уми  ноябр дар шаҳри Турини Италия  баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа  ғолиби 24-каратаи мусобиқаҳои "Тоскулоҳи бузург",  аввалин ракеткаи ҷаҳон, теннисбози серби  Новак Ҷокович мебошад.