Даниил Медведев оиди муддаиёни мусобиқаи Australian Open — 2025 ибрози назар кард
Ракеткаи панҷуми ҷаҳон Даниил Медведеви рус оиди муддаиёни мусобиқаи Australian Open — 2025 ибрози назар кард.
"Айни замон Синнер ва Алкарас фаворит мебошанд. Ман ҳам дар навбати худ дар қатори муддаиён кӯшиш мекунам. Соли гузашта корҳое, ки ман дар бозиҳо бо онҳо карда будам, кофӣ набуд, аз ин рӯ кӯшиш мекунам, ки чизеро беҳтар созам”, - гуфт Медведев дар нишасти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки Даниил Медведев рӯзи душанбеи 13-уми январ бозии даври аввали худро дар мусобиқаи Australian Open — 2025 анҷом медиҳад. Рақиби ӯ ракеткаи 414-уми ҷаҳон Касидит Самрей аз Тайланд хоҳад буд.
Мусобиқаи асосии бахши мардонаи мусобиқаи Australian Open — 2025 аз 12-ум то 26 –ум январ баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер мебошад.