Даниил Медведев ва Карлос Алкарас дар даври нимниҳоии мусобиқаи Уимблдон – 2024 бо ҳам бозӣ мекунанд

Даниил Медведев  ва Карлос Алкарас дар даври нимниҳоии мусобиқаи Уимблдон – 2024 бо ҳам бозӣ мекунанд

Қаҳрамони US Open 2021, ракеткаи панҷуми ҷаҳон, теннисбози рус Даниил Медведев дар даври ниманиҳоии Уимблдон-2024 бо қаҳрамони секаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”, ракеткаи сеюми ҷаҳон, теннисбози испанӣ Карлос Алкарас бозӣ мекунад. Вохӯрии теннисбозон рӯзи 12-уми июл дар назар аст.

Даниил Медведев дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқа бар ракеткаи якуми ҷаҳон теннисбози итолиёвӣ Янник Синнерро пирӯз шуд. Бозӣ бо натиҷаи 6:7 (7:9), 6:4, 7:6 (7:4), 2:6, 6:3 ба фоидаи Медведев анҷом ёфт.

Теннисбози испанӣ Карлос Алкарас дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Томи Поли амрикоӣ бо ҳисоби 5:7, 6:4, 6:2, 6:2 анҷом ёфта буд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи Уимблдон - 2024 аз 1 –ум то 14-уми июл баргузор мешавад. Карлос Алкарас қаҳрамони феълии ин мусобиқа аст. Дар финали соли 2023 ӯ теннисбози рақами дуюми ҷаҳон Новак Ҷоковичро мағлуб карда буд.