Дар Алмаато чемпионати Осиё оиди шоҳмот оғоз шуд
Аз 9 то 21-уми июн дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон) мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни писарону духтарони то 8, 10, 12-сола ва 14, 16 ва 18-сола баргузор мешавад. Тибқи барномаи мусобиқа сабқатҳои қоравӣ аз рӯи шоҳмотн классикй, зудбозӣ ва барқвор баргузор мешаванд.
Чемпионати Осиё оид ба рапид аз 10 то 11 июн доир мешавад. Дар ин мусобиқот 632 варзишгари ҷавон аз 32 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Аз рӯи натиҷагирии чаҳор даври бозӣ дар сабқат миёни писарони то 10-сола Герман Калиниченко пешсафонро (3,5 имтиёз) таъқиб мекунад. Дар гурӯҳи духтарони то 10-сола бошад Алиса Ҳенриетта Юнкер бидуни бохт пешсаф аст.
Руслан Шогҷиев дар сабқати байни писарони то 12-сола пешсафи ягона мебошад. Элиза Терешенко ва Аделина Абосова аз рӯи категорияи духтарони то 12-сола 3,5-имтиёзӣ ба даст оварданд. Дар сабқати писарони то 14-сола бошад Марат Гилфанов пешсаф буда, Николай Аверин аз ӯ ним хол ақиб мондааст.
Аз рӯи ин синну сол миёни духтарон Мария Власова, Уляна Дудкина ва Ева Терешенко пешеафанд. Дар сабқати писарони то 16-сола Владимир Масловский бо 4-имтиёзӣ пешсаф буда, Олеся Власова ва Лайло Табермакова дар сабқат миёни духтарони то 16-сола аз пешсафон як зина ақиб мондаанд.
Дар байни писарони синну соли бузургтар бошад Александр Хрипаченко (бо 3,5 хол) дар ҷои якум ва Анна Шухман аз пешсаф ним хол кам дорад. Шоҳмотбозони ҷавон Богдан Калинин, Светлана Беланова ва Елзята Левгеева то ин дам холҳои ба андозаи 50 фоизӣ доранд.
Рӯзи сешанбеи 11-уми июн се даври ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба шоҳмоти зудбозӣ баргузор мешавад.