Дар Англия беҳтарини солро интихоб карданд

Дар Англия беҳтарини солро интихоб карданд

Нимҳимоятагари “Ливерпул” Ҷордан Ҳендерсон аз рӯи фарзияи мухлисон беҳтарин футболбози соли 2019 дар мунтахаби Англия дониста шуд.
Дар овоздиҳии сомонаи Ассотсиатсияи Футболболи Англия Ҳендерсон аз ҳамлагарон  - Раҳим Стерлинг (“Манчестер Сити”) ва Ҳарри Кейн (“Тоттенҳэм”) пеш гузашт.
Соли 2019 Ҳендерсони 29-сола дар мунтахаби Англия дар 7 бозӣ иштирок кардааст. Ӯ бо мунтахабаш ба Евро-2020 баромад. Ҳамчунин ӯ бо дастааш – “Ливерпул” қаҳрамони Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва Ҷоми ҷаҳон байни бошгоҳҳо гардид.