Дар Аргентина мотами серӯза эълон шуд

Дар Аргентина мотами серӯза эълон шуд

Президенти Аргентина - Алберто Фернандес дар робита ба марги футболбози дастон - Диего Марадона дар кишвар мотами серӯза эълон кард.

«Шумо Аргентинаро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардед. Шумо моро бениҳоят хурсанд кардед. Шумо аз ҳама бузургтарин будед. Ташаккур Диего. Мо тамоми умр шуморо пазмон хоҳем шуд», - навиштааст Алберто Фернандес дар саҳифаи Твиттери хеш.

Дирӯз, 26-уми ноябр Диего Марадонаи нобиға дар доди 60 солагӣ ин дунёро тарк гуфт. Ҳангоми марг ӯ дар хонаи худ дар шаҳри Буэнос-Айрес қарор дошт.

Марадона дар ҳайати тими мунтахаби Аргентина соли 1986 қаҳрамони ҷаҳон шуд ва унвони беҳтарин бозигари ҷаҳонро ба даст оварда буд. Вай аз соли 1977 то 1994 дар тими миллии Аргентина бозӣ кардааст. Умуман, дар тӯли корномаи бобарори худ ӯ дар 687 бозӣ ширкат варзида, ба задани 363 гол даст ёфтааст. Аз соли 2008 то соли 2010, ӯ тими миллии Аргентинаро тамрин додааст. Ӯро коршиносон борҳо н яке аз беҳтарин футболбозони таърих эътироф кардаанд.