Дар «Барселона» гуфтанд, ки тақдири ояндаи Хави чӣ мешавад

Дар «Барселона» гуфтанд, ки тақдири ояндаи Хави чӣ мешавад

Ноиби-президенти «Барселона» Рафа Юсте кори Хавиро дар вазифаи сармураббигии тими каталониҳо баҳо дод.

«Мо аз кори Хави ва кулли ситоди ӯ хеле ва хеле ҳам розӣ ҳастем. Розием, ки ӯ чӣ тавр дастаро созмон дода истодааст ва ин кор ҳам бо ҷавонону собиқадорон мушкил аст, Ҳамчунин моро оне қаноатманд месозад, ки ӯ зери фишорҳо тобовар аст. Мо аз Хави хеле розием», — иқтибос меорад суханони Юстеро Marca.

Қобили қайд аст, ки «Барселона» бо 41 хол баъди 19 даври чемпионати Испания дар зинаи сеюми ҷадвал буда, ҳамчунин таҳти роҳбарии муттахассиси испанӣ «Барселона» ба марҳилаи 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо бо ишғоли зинаи якум дар гурӯҳ баромада буд.

Рӯзи 14-уми январ бошад каталониҳо бо «Реал» дар финали Суперҷоми Испания бозӣ мекунанд.