Дар бозии Марокаш ва Хорватия ғолиб муайян нашуд

Дар бозии Марокаш ва Хорватия ғолиб муайян нашуд

Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар  мунтахабҳои “Марокаш” ва “Хорватия”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Ал-Байт”  доир шуда, бо ҳисоби мусовии 0 бар 0  хотима ёфт.

Қисми якум дар муборизаи баробар гузашт. Ҳар ду мунтахаб ҷониби дарвозаи якдигар 4 зарбаи мустақимӣ заданд.

Дар қисми дуюми бозӣ бошад,  футболбозони Хорватия дар идора кардани тӯб муваффақ буданд, лек марокашиҳо моҳирона тавонистанд, ки дарвозаашонро аз гол эмин нигоҳ бидоранд. 

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “F” |Даври 1

Марокаш – Хорватия 0:0

Марокаш: Буну, Ҳакими, Саисс, Агерд, Мазрауи (Аттийят-алла, 60), Амрабат, Амалла, Унаи (Сабири, 82), Зиеш, Буфал (Эз Абде, 65), Эн-Несири (Амдалла, 81).

Хорватия: Ливакович, Юранович, Ловрен, Гвардиол, Соса, Модрич, Ковачич (Маер, 79), Брозович, Перишич (Оршич, 90), Влашич (Пашалич, 46), Крамарич (Ливая, 71).

Огоҳӣ гирифт: Амрабат (78).