Дар дербии шаҳри Манчестер натиҷаи ғайриинтизор ба қайд гирифта шуд!

Дар дербии шаҳри Манчестер натиҷаи ғайриинтизор ба қайд гирифта шуд!

Имрӯз, 2 –юми октябр, дар бозии даври 9-уми ПЛА бошгоҳҳои «Манчестер Сити» ва  «Манчестер Юнайтед»  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо  дар  варзишгоҳи «Иттиҳод» -и шаҳри Манчестер доир шуда, бо натиҷаи бузурги 6 бар 3 ба суди дастпарварони Гвардиола анҷом ёфт.

Қаҳрамонии асосии дербии шаҳри Манчестер Ҳоланд ва Фоден буданд, ки ҳар ду ба задани 3 голи даст ёфтанд. Ҳамчунин Ҳоланд ду ирсоли головар ҳам анҷом дод.

Антони бо як зарбаи зебо ва ҳамчунин Антони Марсял 2 гол дар ҳайати "Девҳои сурх" ба самар расониданд.

Ҳамин тавр, пас аз 12 сол дастаи “Манчестер Юнайтед” бо чунин натиҷаи бузург аз “Манчестер Сити” мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки Криштиану Роналду то анҷом аз нимкатҳои захиравӣ бозиро тамошо кард.

Дастпарварони Гвардиола ҳамоно дар мавсими имсолаи ПЛА шикастнопазиранд. Пас аз ин вохӯрӣ «Манчестер Сити» 20 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа мавқеашро мустаҳкамтар намуд.  «Манчестер Юнайтед» бо 12 имтиёз дар ҷои шашум боқӣ монд.

ПЛА, Даври 9

«Манчестер Сити» – «Манчестер Юнайтед» 6:3

Голҳо: Фоден, 8, 44, 73, Ҳоланд, 34, 37, 64 – Антони, 56, Марсял, 84, 90 (пеналтӣ.)

«Манчестер Сити»: Эдерсон, Уокер (Серхио Гомес, 41), Аке, Аканджи, Жоау Канселу, Гюндоган (Лапорт, 75), де Брюйне (Алварес, 75), Бернарду Силва, Грилиш (Палмер, 75), Фоден (Марез, 75), Ҳоланд.

«Манчестер Юнайтед»: Де Хеа, Диогу Далот, Варан (Линделеф, 40), Мартинес, Маласиа (Шоу, 46), Эриксен, Бруну Фернандеш, Мактомини (Каземиро, 59), Рэшфорд (Марсяль, 59), Санчо (Фред, 70), Антони.

Огоҳӣ гирифтанд: Диогу Далот, Маласиа, Бруну Фернандеш