Дар Душанбе Фестивали варзишии наврасони пойтахт баргузор шуд

Дар Душанбе Фестивали варзишии наврасони пойтахт баргузор шуд

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони варзишии «Душанбе Арена»-и Федератсияи футболи Тоҷикистон Фестивали варзишии наврасони пойтахт таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор гардид, ки дар он 70 даста бо фарогирии 800 нафар кӯдакону наврасони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт иштирок намуданд.

Фестивали мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, дар маросими ифтитоҳи он муовини Раиси шаҳри Душанбе -Дилбар Одилзода ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат ширкат варзиданд.

Дилбар Одилзода иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили чунин Фестивал, пеш аз ҳама, ҷалб намудани насли ҷавони пойтахт ба варзиш, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар дили онҳо, талқини дӯстиву рафоқат миёни наврасону ҷавонон, дӯст доштани Ватан ва муқаддасоти он маҳсуб шуда, Раиси муҳтарами шаҳр ҳамеша барои дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ватандӯсту меҳанпараст тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ меандешанд.


Дар охир ба ҳар як дастаи иштирокчӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Фестивали мазкур дар майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдаконаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе то 24 ноябри соли 2022 идома дошта, дар ҷамъбаст ғолибон ва фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.